Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин аз ҷараёни рушди устувори шарикии судманди дуҷониба ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба нақши муколамаи мунтазами сатҳи олии Сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар таҳкиму густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус баҳои баланд доданд.
Инчунин нисбат ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Иброз гардид, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, фармасевтӣ, кимиёӣ ва кӯҳкорӣ аз самтҳои муҳимми густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






