Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»

Ноябрь 6, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем.  Чунин даъват намуданд  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия  ба халқи Тоҷикистон.

«Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки  вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд.

«Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем»,-тазаккур доданд Роҳбари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон