Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум ҳамзамон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.
Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои болозикр то моҳи августи соли 2026 сохта ба истифода дода шаванд.
Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор — Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






