Сокинони ноҳияи Вахш соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш тақсими шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба 29 ҳазору 530 оилаи ноҳия тақсим карда мешавад.
Иқдоми навбатии Сарвари давлат оид ба интишор ва ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим кардани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ идомаи ташаббусҳои дурбинонаю ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар идомаи татбиқи ин ташаббус соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир мешавад. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид






