ТАМОШОИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ БО ВОЛИДОН. Охирон маротиба кай бо фарзандатон ба мавзеъҳои таърихӣ рафтед?

Ноябрь 30, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Ҳисор» — ёдгории қадимии Осиёи Марказӣ буда, таърихи зиёда аз 3000-сола дорад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили қалъаи Ҳисор растаи дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдони аспсаворӣ ва нуқтаҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил ва фаъолият менамоянд, ки дар нуҳ моҳи соли равон 16 ҳазору 610 нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ ин макони таърихиро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои директори Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор Сайфиддин Файзиддинов, аз ин шумора 3 ҳазор сайёҳон ба ин мавзеъ дар иду ҷашнҳо омадаанд. Инчунин 3910 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 5492 нафар сайёҳони дохилӣ, 4208 нафар донишҷӯён ва хонандагон низ ин маконро тамошо намудаанд.

«Сайёҳон аз дӯкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Ҳисор мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон маданияти моддии қадимтарини одамонро дарёфт намудаанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор (ҳазораҳои VI-III-и пеш аз мелод) ном бурдаанд. Маснуоти шикорию рӯзгордории водии Ҳисор гувоҳӣ медиҳанд, ки ин сарзамин дар ин давра сераҳолӣ будааст», -афзуд Сайфиддин Файзиддинов.

Бунёди ёдгориҳои таърихию меъморие, ки дар мамнуъгоҳ то имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, аз қарни XI пеш аз мелод оғоз ёфта, то садаи XIX думбола мегиранд. Атрофи майдони Регистонро дижи қадим, силсилаи иншооти маданӣ-маърифатӣ, ҷомеавӣ-савдоӣ, ба монанди мадрасаҳои кӯҳна ва нав, корвонсарои хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва таҳоратхона иҳота кардаанд. Дуртар аз майдони Регистон, дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеъ гаштаанд.

Ба андешаи директори мамнуъгоҳ, тамошои «Қалъаи Ҳисор» ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва шинос шудан бо ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мусоидат намуда, барои сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ва ҷавон басе манфиатовар аст. «Зеро дӯст доштани Ватан аз донистани таърихи он шуруъ мешавад. Барои ин хуб мешуд, ки волидон якҷоя бо фарзандон ба тамошои чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ оянд ва сайру гашт ба маконҳои таърихиро ба ҳукми анъана дароранд. Ба ин васила онҳо метавонанд дар тарбияи ватандӯстии фарзандон нақши назаррас гузоранд», -иброз дошт Сайфиддин Файзиддинов.

Ҷалби ҷавонон ба хотири тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, ки авҷи бархӯрди тамаддунҳо арзёбӣ мегардад, ба бофарҳанг намудани мардум, хосатан насли ҷавони мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

Ба андешаи равоншиносон, дидани осори ниёгон, шунидани ҳикояҳои фидокорӣ ва ҷонбозиҳои онҳо дар роҳи озодӣ ва ободии Ватан дар қалби наврасон эҳсоси муҳаббат, садоқат ва ифтихорро бедор менамояд. Ин эҳсосот ба онҳо қувват мебахшад, то арзишҳои миллиро қадр кунанд, ба анъанаҳо эҳтиром гузоранд ва барои пешрафти давлати худ саъю кӯшиш намоянд.

Ҳисори бостонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи рушду такомул ва камолоти халқи тоҷик мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгориҳои нодири халқамон ғамхориҳои рӯзафзун мекунад. Дар муддати кӯтоҳ маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадимӣ будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд. Таҷдиду барқарорсозии ин ёдгориҳои фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгориҳои дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 30, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ