Тоҷикистон нишасти намояндагони доимии Осиёи Марказӣ дар СММ-ро баргузор намуд

Ноябрь 26, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид нишасти намояндагони доимии Осиёи Марказӣ дар ин созмонро бо ҳамраисони Гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии татбиқи ваколатҳои ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид – Ташаббуси СММ-80 Брайан Уоллес, Намояндаи доимии Ямайка ва Кэролин Швалгер, Намояндаи доимии Зеландияи Нав баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинии мазкур барои мубодилаи афкор оид ба раванди кунунии ислоҳоти СММ-80, аз ҷумла баррасии ваколатҳо, устувории молиявӣ ва боло бурдани самаранокии низоми Созмони Милали Муттаҳид имконияти хуб фароҳам овард.

Иштирокчиёни нишаст аҳамияти таъмини фарогирии ислоҳот, инъикоси афзалияти минтақавӣ, дастгирии ниҳодҳои калидии Созмони Милали Муттаҳид ва истифодаи абзорҳои муосир, ба монанди зеҳни сунъиро барои беҳтар кардани самаранокӣ ва сифати қабули қарорҳо таъкид карданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат зарурати дастёбӣ ба натиҷаҳои амалӣ ва муассирро дар раванди ислоҳоти СММ-80, аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи ваколатҳои мавҷуда барои тамаркуз ба афзалияти воқеӣ ва пешгирӣ аз такроршавандагӣ таъкид кард. Илова ба ин иброз гардид, ки ниҳодҳои калидии Созмони Милали Муттаҳид бояд кори муҳими худро дар маҳалҳо идома диҳанд ва манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар ин раванд пурра ба назар гирифта шаванд.

Дар анҷом иштирокдорони нишаст бори дигар уҳдадориҳои кишварҳои хешро барои ҳамкории фаъол ва созанда дар дастгирии ислоҳоти мутавозин, фарогир ва дарозмуддати Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ карданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

 

 

Ноябрь 26, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид