Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 21 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таэквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг) ворид аст. Дар ин мусобиқот зиёда аз 3000 варзишгар аз 57 давлатӣ аъзои Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ яъне гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Эрон ва Марокаш бозӣ мекунад. Футзалбозони тоҷик дар даври аввал 4 ноябр аз дастаи мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:9 мағлуб гардид.
6 ноябр дар даври дуюм бо дастаи мунтахаби Марокаш ва дар даври ҷамъбастӣ 8 ноябр бо дастаи мунтахаби Эрон вомехӯрад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Либия, Озарбойҷон шомиланд. Аз ҳар гурӯҳ ду, дастаи беҳтарин дар нимфинал мусобиқаро идома медиҳанд. Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз 7 нафар (5 мард ва 2 зан) таркиб ёфтааст, ки инҳо Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг, Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.
Мусобиқаи гӯштини ҷудо 8-10 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Мадина Қурбонзода парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳо интихоб шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 доир мегардад. 1-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ низ дар Арабистони Саудӣ, шаҳри Макка баргузор шуда буд. Баъдан, соли 2013 дар шаҳри Палембанг давлати Индонезия, соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, соли 2021 шаҳри Қунияи давлати Туркия мизбони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ буданд. Инчунин Бозиҳои дуюм соли 2010 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақша гирифта шуд, вале доир нагашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 Бозиҳои гузашта 15 медал – 1 тилло, 4 нуқра ва 10 нишони биринҷӣ ба даст овардааст. Ягона медали тиллоро соли 2005 дар шаҳри Макка варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров сазовор гашааст.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






