Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Фархор расид

Ноябрь 7, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони мамлакат идома дорад. Ин туҳфаи маънавии беназир ба ноҳияи Фархор низ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин иқдом, дар даҳ ҷамоати деҳот ва Ҷамоати шаҳраки Фархор шоҳасари мазкур ба 23 ҳазору 842 оила тақдим карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор корҳои ташкилиро барои тақсими ин туҳфаи маънавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.

Зимни дарёфти ин туҳфаи пурқимат сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки иқдоми Пешвои миллат намунаи олии таваҷҷуҳи давлат ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги боифтихори ниёгон аст.

Таъкид гардид, ки «Шоҳнома» мактаби бузурги худшиносию хирад аст ва тақдими он ба ҳар хонадон имконият фароҳам меорад, то ҳар аъзои ҷомеа аз таъриху ҳувияти миллӣ огоҳии амиқтар пайдо кунад.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Дар идомаи татбиқи ин ташаббуси маънавии миллӣ инчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 баргузор хоҳад шуд. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид