ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2025. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим–2025» мегузарад, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар намоишгоҳ беш аз 300 намояндаи соҳаи сайёҳии 30 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғул шудан ба намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни бою қадимӣ инъикос гардида, иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуд.
Намояндагони Тоҷикистон аз ҷараёни намоишгоҳ иттилоъ доданд, ки платформаи намоишгоҳ имкон медиҳад, ки дар он ташкилоту ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии мамлакат хизматрасониҳояшонро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намоянд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои «В2В» доир шуда, созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва мақомоти сайёҳии кишварҳои ҳамшарик вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯриҳо масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобили судманд баррасӣ гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд






