«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2025» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун дар доираи иҷрои «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.
Дар озмун ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар панҷ номинатсия — «Нонпазӣ», «Чакандӯзӣ», «Атласбофӣ», «Кулолгарӣ» ва «Кордсозӣ» беҳтарин намунаи ҳунарашонро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, боло бурдани мақоми ҳунармандӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллиро дар меҳвари сиёсати созанда қарор додаанд. Ин иқдом барои зинда гардонидани суннатҳои гузашта ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
«Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ далели худшиносии миллӣ ва фарҳанги хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад»,– изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.
Бояд гуфт, ки дар сохторҳои вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсолоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд идораю корхонаҳо барои азхуд намудани ҳунарҳои гуногуни миллӣ ва муосир даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҳамасола нафарони зиёдро ба омӯзиш фаро мегиранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ то имрӯз якчанд санад қабул намудааст. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ ва Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ, Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод шудани ҳунармандон дар рушди иқтисодиёти мамлакат натиҷаҳои хуб медиҳад.
Баргузории чунин озмунҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мусоидат менамояд.
Ғолибони озмуни «Ҳунарманди сол-2025» бо ҷоиза, Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






