Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид

Ноябрь 17, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши  ҷиу-ҷитсу байни  наврасон дар шаҳри Бангкоки Таиланд хеле ҷолиб  баргузор гардида, дар он 1 400 варзишгар аз 54 давлати  дунё иштирок намуданд.

Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 62 кг пас аз ҳашт рақобати  шадид дар ду категория тавонист медали тилло ба даст оварда, бори чорум чемпиони ҷаҳон шавад. Ӯ нахустин варзишгари тоҷикест, ки дар намуди «Ne Waza» ба ин дастовард ноил гардидааст.

                                                                                       АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад