Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд

Ноябрь 29, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2024–2025  аз ҷониби варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал, аз ҷумла 274 медали тилло, 268 нуқра ва 406 биринҷӣ ба даст оварда шуд. Дар натиҷа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 958 маротиба барафрохта шуда, 274 маротиба Суруди миллӣ садо додааст. Дар ин маврид зимни ҷаласаи навбатии Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавре  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, аъзои Шуро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳои варзишӣ ва масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи варзишро дар солҳои 2024–2025 пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар ин давра мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, беш аз 8000 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар самти рушди варзиши оммавӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 76 ҳазор чорабинии варзишию солимгардонӣ доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 миллион нафар иштирок намуданд.

Дар соҳаи инфрасохтори варзишӣ танҳо дар ду соли охир 256 иншооти варзишӣ бо маблағи беш аз 130 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Иброз гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии мамлакат барои  омодагӣ ба Бозиҳои осиёии «Айчи–Нагоя 2026» ва Бозиҳои олимпии «Лос-Анжелес 2028» тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад.  Бо ин мақсад гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуда, 11 намуди олимпӣ ҳамчун намудҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.

Минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Таъкид шуд, ки ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш мебошанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 29, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд