Варзишгарони тоҷик дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби шаш медал гардиданд

Ноябрь 10, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз намуди гӯштини ҷудо медали нуқра ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Қирғизистон Эмирхон Жолдошқозиев пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Темур дар нимфинал бар Муҳаммад Аборакия аз Миср дастболо шуда, ба финал баромад. Аммо Темур Раҳимов дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони узбекистонӣ Музаффарбек Турабоев мағлуб гардида, соҳиби медали нуқра гардид.

Ин шашумин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёз аст, ки дутои он медали нуқра ва чаҳортояш биринҷӣ мебошад.

9 ноябр боз ду паҳлавони тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқоти гӯштини ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳо дар шаҳри Риёз бо ҳарифонашон рақобат карданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ карда, аз Умар Ерламли аз Миср мағлуб шуд. Баъдан дар даври тасаллобахш бар Франк Улрик Таҳман Зан аз Камерун ғолиб омада, дар рақобат барои медали биринҷӣ Саид Садруддиновро аз Баҳрайн мағлуб намуд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилови дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Аҳмад Елаагеб аз Судон пирӯз шуда, дар даври баъдӣ аз Шаҳзодхуҷа Шарипови узбекистонӣ мағлуб шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Владимир Карлос Нгуея Наҳеу аз Камерун ғалаба кард, вале барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Айдар Арапови қазоқистонӣ бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки 8 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд. Дар сабқати занона Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило бо медали нуқра ва Абубакр Шеров дар байни мардон дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин мусобиқоти сатҳи баланд 147 варзишгар (84 мард ва 63 зан) аз 32 кишвари се қора иштирок доштанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар байни занон) намояндагӣ карданд.

Гӯштингирони тоҷик инчунин дар мусобиқоти ҷудои даставии омехта аз рӯи барномаи 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки имрӯз, 10 ноябр дар шаҳри Риёз доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, 6 ноябр варзишгарони тоҷик — Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило — ду медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 65 варзишгар дар 10 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таэквондо, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 20 медал (1 медали тилло, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар намуди гурзандозӣ гирифтааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 10, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид