Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад

Декабрь 2, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 13 варзишгар: Меҳрон Шафиев дар вазни 48 кг, Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни 51 кг, Анӯшервон Фозилов дар вазни 54 кг, Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг, Акмал Убайдов дар вазни 60 кг, Руслан Ғафуров дар вазни 63,5 кг, Шамшер Саидов дар вазни 67 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг, Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 75 кг, Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг, Парвиз Каримов дар вазни 86 кг, Наврӯз Ҷафоев дар вазни 92 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати XXIII ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз 2 то 13 декабри соли 2025 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад. Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 давлати мухталифи дунё ҳунарнамоӣ мекунанд. Муштзанҳо барои медалҳо дар 13 категорияи вазнӣ, ки аз ҷониби Шӯрои директорони IBA моҳи июли соли 2021 тасдиқ шудаанд, рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон ҷамъ меоянд, то барои унвони чемпиони ҷаҳон ва имкони тақсими фонди бузурги мукофотпулӣ ба маблағи 8,32 миллион доллар байни ҳам мубориза баранд. Маросими ифтитоҳи мусобиқа 2 декабр, соати 22:00 ба вақти Душанбе аст.

Қуръакашии мусобиқа имрӯз, 2 декабр, соати 17:00 баргузор мешавад. Рақобатҳои марҳилаи муқаддамотӣ, чаҳорякниҳоӣ ва нимниҳоӣ аз 3 то 11 декабр дар ду сессия баргузор мешаванд. Сессияи рӯзона соати 18:00 ва сессияи шабона соати 22:30 оғоз мегардад. Рақобатҳои финалӣ 13 декабр, соати 18:30 баргузор мешаванд.

Қаҳрамонон дар ҳар вазн 300 ҳазор доллар мегиранд, ҷоизадорони ҷойи дуюм — 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, барои ҷойи 5-ум — 10 ҳазор доллар. Аз ин маблағ 50% ба муштзанҳо, 25% ба мураббӣ ва 25% ба Федератсияи бокси кишвари ғолиб дода мешавад. Ин бузургтарин чемпионат дар таърихи бокс хоҳад буд.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 2, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт