Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард

Декабрь 4, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мураббии тими миллии мамлакат оид ба футбол Алифбек Беромов барномаи «FIFA Coach Educators’ Development Pathway – Assessment Practice Programme»-ро, ки дар Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, бо забони англисӣ муваффақона хатм кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин барнома қисми ташаббуси ҷаҳонии ФИФА мебошад, ки ба беҳтар кардани сифат ва стандартизатсияи омоданамоии мураббиён дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст.

Марҳилаи «Assessment Practice» ба рушди салоҳияти асосӣ дар соҳаҳои назорат, таҳлил ва арзёбии объективии кори мураббиён дар шароити воқеии тамринӣ нигаронида шудааст. Хатми муваффақонаи даври омӯзишӣ сатҳи баланди касбии Алифбек Беромов ва мутобиқати ӯро ба стандартҳои байналмилалии ФИФА оид ба таълими мураббиён тасдиқ мекунад.

Ташаббуси ФИФА ба тақвияти иқтидори захираҳои инсонии ассотсиатсияҳои миллӣ ва эҷоди системаи муосиру муассири омоданамоии мураббиён нигаронида шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт