Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид

Декабрь 25, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2025 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 250 ҳазор нафар чорабиниҳо доир ба ҳифзи муҳити зист ва саломатию беҳдошт ва чорабинӣ оид ба офат ва буҳронҳо гузаронида шуд. Чунин иброз намуд Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба таъсиси ин ҷамъият.

Ба иттилои Баҳодур Қурбониён, дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

«Дар доираи ҳамкории башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 7120 оилаи ниёзманд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат кумаки башардӯстона дастрас карда шуд», — гуфт Баҳодур Қурбониён.

Ин иқдоми хайриявӣ натиҷаи ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои муовини Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Парвина Назирова, бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба 262 оилаи зарардидаи ноҳияҳои Рашт (106 оила) ва Тоҷикобод (156 оила) маводи ғайрихӯрокворӣ кумак расонида шуд.

Тавре иброз гардид, дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти ду лоиҳа оид ба дастгирии кумакпулии ҳармоҳа барои ятимон ба роҳ мода шудааст. Тибқи онҳо ба 2148 кӯдаки ятим кумакпулӣ расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 2 бахши вилоятӣ (дар Суғд ва Бадахшон), 2 бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 69 бахши шаҳрию ноҳиявӣ дошта, беш аз 5 ҳазор волонтёр ё ихтиёрӣ дорад.

Тавре масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Нодир Аминзода зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амалӣ намудани эҳтиёҷи шахсони ниёзманди ба мушкилиҳо гирифтор дар нуқтаҳои гуногуни мамлакат саҳми бориз дорад. Зеро ҳадафи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамонест, ки дар пайи ҳодисаҳои гуногуни фавқулода ё даргириҳо осеб дидаанд.

«Дар ин муддат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ғайра ба роҳ монд», — иброз дошт Нодир Аминзода.

Имрӯзҳо байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кумакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони маъюб ва дигар ниёзмандони мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон инчунин барои давраи то соли 2030 стратегия қабул намудааст. Тибқи он фазои башардӯстона бо созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ васеъ гардида, ба аҳолӣ кумаки саривақтӣ расонида мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид