Ҳамватанони бурунмарзӣ дар Туркманистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд

Декабрь 16, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва ҳамватанони кишвари иқомат доир гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Пас аз анҷоми тамошо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Туркманистон Вафо Ниятбекзода гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳарсолаи стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди мамлакат  дар соли 2025 арзёбӣ гардида, самтҳои авлавиятноки рушди давлат  дар соли оянда тарҳрезӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки аз ҳадафҳои дар доираи ин санад  дарҷшуда барномаҳо ва нақшаҳои давлатӣ барои таъмини рушди устувори минбаъдаи Тоҷикистон таҳия хоҳанд гашт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Декабрь 16, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд