Ҳамватанони бурунмарзӣ дар Туркманистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва ҳамватанони кишвари иқомат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Пас аз анҷоми тамошо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳарсолаи стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди мамлакат дар соли 2025 арзёбӣ гардида, самтҳои авлавиятноки рушди давлат дар соли оянда тарҳрезӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки аз ҳадафҳои дар доираи ин санад дарҷшуда барномаҳо ва нақшаҳои давлатӣ барои таъмини рушди устувори минбаъдаи Тоҷикистон таҳия хоҳанд гашт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон









Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






