Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд

Декабрь 31, 2025 13:30

ДУШАНБЕ 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз маводи хӯрокворӣ ва  либосҳои зимистона ба 62 нафар кӯдаки ятими Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус тақдим гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзманд ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар мамлакат ягон ятиму бепарастор худро танҳо эҳсос намекунад.

Дар Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус дар айни замон 62 нафар кӯдаки ятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо туҳфаҳо, сару либоси гарм, лавозимоти хониш ва дигар маводи зарурӣ тақдим гардида, барои онҳо фазои идона ва руҳияи болида фароҳам оварда шуд.

Кӯдакон ва масъулини муассиса барои чунин ғамхорӣ ба Пешвои миллат ва роҳбарияти давлат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ин дастгириҳо ба онҳо неруи тоза бахшида, ба таҳсилу тарбияи беҳтар ҳавасманд месозанд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 31, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд