Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд

Декабрь 30, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода бо сокинону кормандони гуногункасби ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯриҳои судманд доир намуд.

Барно Саидвализода вобаста ба муҳимияти масъала ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, таъмини амният, волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар кишвар, дастгирии соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донишандузӣ, маърифатнокӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии занону ҷавонон, ба вазифаҳои роҳбарикунада таъйин намудани онҳо яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.

Рушди минбаъдаи давлат ба тарбияи дурусти насли наврас ва ояндаи мамлакат маҳз ба ташаккули дурусти ҷавонону наврасон ва сатҳи ҷаҳонбинию донишомӯзии онҳо вобаста аст. Ин нуктаҳо аз ҷониби Сарвари давлат зимни таҳлили соҳа ба таври мушаххас ёдрас гардида, бори дигар нақши омӯзгор дар рушди зеҳнию равонии насли нав назаррас арзёбӣ гардид. Ҳамзамон тарбияи дурусту ба роҳи рост ҳидоят намудани насли нав ва нақши занону духтарон дар ростои ташаккули равонии фарзандон ба ҳайси таҳрикдиҳандаи ҷомеа ва ояндаи кишвар басе саривақтӣ ва шоистаи дастгирӣ буд.

Дигар масъалаи афзалиятнок барои рушди ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат таъмини коргоҳу корхонаҳо ва аҳолии мамлакат бо неруи барқ буд, ки ин масъала ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мо хавфҳои табиӣ, номусоидии вазъи ҳаво ва гармшавии бесобиқаи иқлимро соли равон дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари худ дарк кардем ва албатта, омили гармшавӣ ба сатҳи резиши оби дарёҳо бобати ба таври пурра фаъолият кардани неругохҳои барқӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Аз рӯи меъёр интиқол ёфтани неруи барқ ба иншоот, махсусан манзилҳои истиқоматии сокинон ба хотири дар фасли сармои дарпешистода таъмини хоҷагии халқи мамлакат бо неруи барқ аст, ки аҳолӣ аз вазъи баамаломада огоҳии комил доранд.

Бояд гуфт, ки дар даҳ соли охир тибқи таҳлилҳои Пешвои миллат, соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардида, соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ анҷом ёфт. Ба ин васила иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегавват ба 174 мегаватт расида, 60 мегаватт зиёд гардид.

Дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсолӣ якчанд лоиҳаи муҳими дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ дар мамлакат амалӣ карда шуданд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт — соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонида шуд.

Дар баробари афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат дар 7 соли охир 2600 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта, мавриди истифодаи сокинони мамлакат қарор гирифт.

Вобаста ба ин масъала Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуданд, ки «мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсол ва кам гардидани воридоти об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад».

Дар баробари ин афзоиши ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон ба қадри 50 миллиард сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, банақшагирию ба истифода додани садҳо иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат аз ҷумлаи фаъолияти муваффақи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, ки дар таъмини босуботи иқтисоди миллӣ, бо ҷойи кори доимию муваққатӣ таъмин намудани аҳолӣ саҳми беандоза доранд.

Масъалаи дигар эҳтиром, ҳифз ва тақвияти худшиносию худогоҳии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ доир ба рушди бемайлони кишвар дар партави якдилию ҳамгироии тамоми ҷомеаи мадании мамлакат аз он ёдовар шуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз якдилию якдигарфаҳмии тамоми мардуми кишвар пояҳои давлатдории миллиро тақвият дода, тавассути ба кор андохтани захираҳои мавҷуда иқтидори давлатдории миллӣ рӯз то рӯз мукаммал мегардад.

Дар зиёда аз 34 соли соҳибистиқлолӣ мардум дар паҳлуи давлат ва Роҳбари давлат буданд ва ин раванд имкон дод, ки мушкилоти асосии мардум, махсусан ҳадафҳои асосии стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ҳалли дурусти худро ёфта, корҳои ободонию созандагӣ дар ин замина дар ҳама гӯшаҳои кишвар ҷараёни тоза касб намояд.

Дар ин росто аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин масъулияти ҳамагонро дучанд намуда, бобати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро фарогир буд. Андешаҳо ва масъалагузориҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ барои хурду бузурги мамлакат моро водор месозанд, ки дар оянда аз тамоми имконияти фарогиру мавҷуда самаранок истифода намуда, бобати таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолию якпорчагии мамлакат зери шиори ваҳдату якдилӣ содиқона ба давлату миллат хизмат намоем.

Ҳамзамон масъалаи пешгирии омилҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, бегонапарастию исрофкорӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаҷониба таҳил ёфта, дар назди ҳама сохторҳо ва ҳар сокини сарбаланди мамлакат бобати муборизаи беамон ба раванди афзиши хурофоту бегонапарастӣ дар байни ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ҳамон гунае, ки Пешвои миллат таъкид доштанд, бо хурофот давлат тараққӣ намекунад, зеро хурофот ҷаҳолат аст. Роҳи ягонаи пешрафту шукуфоии Ватан- ин рӯ овардан ба илму маърифат ва тарбияи дурусти фарзандони ояндасози миллат аст, ки ин масъала бояд ҳамарӯза зери назорати доимии волидайн ва ҷомеаи кишвар бошад.

Ҳамзамон Барно Саидвализода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти минбаъда, мусоидат ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли равон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохилии мамлакат ибрози назар намуда, соли 2025-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати дохилӣ бо назардошти истифодаи имконияти мавҷуда нишондодҳои иқтисодии мамлакат баланд гардида, дар як вақт ин омил ба беҳтар шудани шароити некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат намуд.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот ба ҳама зинаҳои вакилӣ дар моҳи марти соли 2025 ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар муҳити озоду шаффоф бо иродаи мукаммали сиёсии шаҳрвандон дар сатҳи баланд дар мамлакат баргузор гардид.

Дар баробари ин ёдрас карда шуд, ки роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими давлатдории навин, ҳифзи арзишҳои муҳими давлатдорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷониби аҳолӣ якдилона дастгирӣ меёбад. Ин роҳ барои пешрафту шукуфоии давлатамон аз ҷониби кулли мардум роҳи афзалиятнок ва шоистаи дастгирист.

Махсусан ҳалли масъалаҳои марзӣ, ки тайи сад соли охир ҳалли дурусти худро наёфта буданд, яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб шуда, маҳз бо иродаи қавӣ, дипломатияи баланди сиёсӣ ва якдигарфаҳмии ҷонибҳо шартномаҳои байнимарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барои пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар бо қабули Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ қабул гардид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи давлатдории се кишвар заминаи боэътимод мегузорад.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои об ва захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ин росто дар соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо доир гардид, ки нуфузу эътибор ва шинохти давлатдории моро дар масъалаҳои истифода ва ҳифзи обу захираҳои обӣ ва бо ин васила тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб баланд бардошт.

Дар маҷмуъ дар соли 2025 ташаббусҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ба хотири рушди босуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва беҳбуди зиндагии сокинони сайёра аз зумраи ҷаҳду талошҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки барои ояндаи башарият, беҳбуди сатҳу сифати зиндагии инсонҳо дар сайёра, шинохти миллати тоҷик ва дорои таърихи бою ғанӣ будани мардуми куҳанбунёдамон хизмат хоҳанд кард.

Дар маҷмуъ тамоми нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаҷониба таҳлил ёфта, ба самъи иштирокчиёни вохӯриҳо расонида шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон таъмин карда мешавад
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода оид ба таҳкими бозори муосири меҳнат конференсияи илмӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад

Маводҳои таҳлилӣ