Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд

Декабрь 4, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқи инсон дар раванди сиёсии муосир» конфронс доир шуд.

Тавре аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс иброз шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд принсипҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллӣ мустаҳкам намудааст. Ҳамчунин барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд аст. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун аз роҳҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Барои татбиқи ин ҳадаф ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди устувори давлат маҳсуб мешаванд», – баён гардид дар конфронс.

Таъкид шуд, ки ҳуқуқи инсон категорияи умумибашарӣ мебошад, ки ба шаҳрванд имкон медиҳад аз имтиёзҳо ва шароити зиндагии бехатар ва озод дар ҷомеа баҳра барад. Ҳуқуқҳои инсон аз табиати инсон сарчашма мегиранд. Онҳо дар посух ба шароити пайваста тағйирёбандаи ҷомеа ба вуҷуд меоянд ва инкишоф меёбанд. Ҳуқуқҳо аз таваллуд ба афрод тааллуқ дошта, хусусияти ҷудонашаванда доранд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинае мебошанд, ки дар асоси он рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Конститутсия ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқии давлат таъмини эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии онро кафолат медиҳад. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мустаҳкам гардонида шуда, ба он боби алоҳида ҳам ҷудо гардидааст. Қисмати зиёди меъёрҳои Конститусияро маҳз меъёрҳои ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтаанд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад