Байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ширкати академии «Bright»-и Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум имзо гардид

Декабрь 18, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва даврҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ин санад ҳамчунин табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳарду ҷонибро пешбинӣ менамояд.

Инчунин вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Федератсияи хизматрасониҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин федератсия тамоми муассисаҳои таълимии хусусии Камбоҷаро муттаҳид намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим мебозад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имконияти нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Имзои Ёддошти тафоҳум дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкорӣ дар соҳаи маориф қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»