«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд

Декабрь 10, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Натиҷагирӣ аз «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва ҳадафҳо барои оянда» конфронси илмӣ–амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Иброз гардид, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дастоварди муҳим барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат буда, ҷамъбасти натиҷаҳои он имконият медиҳад, ки стратегияҳои ояндаро ҳамоҳанг ва муассиртар созем.

Ҳадафи конфронс баррасии натиҷаҳои татбиқи барнома, бардошт аз таҷрибаи амалии вазорату идораҳо, таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодӣ ва муайян намудани самтҳои нави рушд барои марҳалаи минбаъда арзёбӣ гардид.

Конфронс барои табодули таҷриба байни вазорату идораҳо ва коршиносон, ҳамчунин таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодӣ ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ заминаи хуб фароҳам овард.

Зимни конфронс масъалаҳои калидии татбиқи ин барнома дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, зеҳни сунъӣ, амнияти озуқаворӣ, инчунин нақши телекомуникатсия дар раванди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ баррасӣ гардиданд.

 

Дар бахши энергетика таъкид шуд, ки таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии бо амалӣ намудани вазифаҳои асосӣ, аз ҷумла зиёд намудани иқтидори энергетикӣ  то 10 гВт, содироти солонаи неруи барқ то 10 миллиард кВт-соат, ҳиссаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия то 10 фоиз ва кам кардани талафоти неруи барқ то 10 фоиз муайян гардидааст.

Иброз гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои амалисозии ҳадафи стратегии давлат ва васеъ намудани имконияти содиротӣ то соли 2025 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, 18 лоиҳаи дигар дар марҳилаи амалисозӣ қарор дорад.

Инчунин дар бахши амнияти озуқаворӣ баён шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаи босифат дар баробари татбиқи «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» инчунин барномаҳои соҳавӣ қабул карда шудаанд, ки барои рушди соҳа замина мегузоранд.

Дар  охир иштирокчиёни конфронс  барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мубодилаи афкор намуда, таклифҳо пешниҳод намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад