Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ

Декабрь 19, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатиро байни ду кишвари бародар ҷашн мегиранд. Ин марҳилаи муҳим гувоҳи равобити пойдори дӯстӣ ва ҳамкории самарабахше мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Ҳамад ибни  Исо Оли Халифа Шоҳи Подшоҳии Баҳрайн рушд ёфтаанд.

Ба ин муносибат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн аз шарикии устувор ва пойдор байни роҳбарият ва мардумони худ ифтихори бузург доранд. Ин равобит бар пояи эътимод, эҳтироми мутақобил, арзишҳои муштараки инсонӣ ва манфиатҳои умумӣ асос ёфта, пайваста таҳким меёбад ва ҳарду давлат ба пешбурди ҳамкорӣ барои ояндаи шукуфо, устувор ва дорои манфиатҳои мутақобил алоқаманд мебошанд.

Мубодилаи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои пайваста давоми се даҳсола ба таври назаррас ба ҳусни тафоҳум мусоидат намуда, ҳавасмандии самимӣ ва доимии ҳарду ҷонибро ҷиҳати рушди шарикии ҳамаҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ инъикос менамояд.

Ҳарду давлат аҳаммияти калидии идомаи муколамаи сохториро барои таҳкими ҳамкории мавҷуда, кашфи самтҳои нави ҳамкорӣ, пешбурди навоварӣ ва бархурди муассир ба чолишҳои муосири ҷаҳонӣ эътироф менамоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн алоқамандии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидии мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла тиҷорат ва сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва таҳкими иқтидор таъкид месозанд. Ҳарду ҷониб аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаро байни ниҳодҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои густариши табодулҳо, омӯзиши имконияти нав ва ташвиқи навоварӣ таъкид мекунанд, то ки пешрафти устувор ва манфиатҳои воқеӣ барои мардумон таъмин гарданд.

Илова бар ин, ҳарду кишвар ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ содиқ мемонанд. Ҳарду ҷониб якҷо ба ташвиқи арзишҳои асосии сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ, рушди устувор ва муколамаи байнифарҳангӣ идома хоҳанд дод.

Дар заминаи талошҳо барои оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн бо эътимоди қавӣ ва бо такя ба принсипҳои пойдори эҳтироми мутақобил манфиатҳои муштарак ва руҳияи дӯстие, ки аз соли 1995 инҷониб ҷавҳари равобити дуҷонибаро ташкил медиҳад, таъкид менамоянд, ки ҳамкории дуҷониба дар солҳои оянда низ тавсеа ва таҳким хоҳад ёфт.

Декабрь 19, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар