Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025-ро эълон кард. Дар ин хусус раиси ин ассотсиатсия Нарзулло Латипов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони панҷ намуди варзиш – ҷудо, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, гӯштини озод ва тенниси рӯйи миз дохил шуданд.
Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол чунин мебошад:
- Эмомалӣ Нуралӣ аз рӯйи намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни то 66 кг дар шаҳри Будапешти давлати Венгрия, медали биринҷии чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайиланд, медали тиллои «Dushanbe Grand Slam 2025».
- Хусравхон Раҳимов аз намуди варзиши бокс –ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Оқтови Ҷумҳурии Қазоқистон дар вазни 60 кг.
- Темур Раҳимов аз намуди гӯштини ҷудо – ҷоизадори медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни +100 кг дар шаҳри Будапешти давлати Венгрия; медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайиланд, медали тиллои «Dushanbe Grand Slam 2025».
- Обид Ҷебов аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни то 66 кг дар шаҳри Будапешти давлати Венгрия, медали биринҷии чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки давлати Тайиланд, медали нуқраи «Qingdao Grand Prix 2025» дар шаҳри Тсиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин.
- Акмал Убайдов аз намуди варзиши бокс – ҷоизадори медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб.
- Муҳиддин Асадуллоев аз намуди гӯштини ҷудо – қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни то 73кг дар шаҳри Лимаи давлати Перу, барандаи медали тиллои «Dushanbe Grand Slam 2025», медали нуқраи «Abu Dhabi Grand Slam 2025».
- Мадина Қурбонзода аз намуди гӯштини ҷудо – ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 52 кг, медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи давлати Индонезия, медали биринҷии «Dushanbe Grand Slam 2025».
- Шаҳриёр Даминов аз намуди варзиши каноэ – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар шаҳри Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар каноэи якнафара дар масофаи 3400 метр ва медали нуқра дар масофаи 16 800 метр байни калонсолон.
- Абдулмаҷид Кудиев аз намуди варзиши гӯштини тарзи озод – ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кило, медали тилло дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири Яшар Доғу дар дар давлати Туркия.
- Саъдӣ Исмоилов аз намуди варзиши тенниси рӯйи миз – барандаи медали биринҷии рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ.
Бояд гуфт, ки ду медали нуқра дар чемпионатҳои ҷаҳон аз намудҳои гӯштини ҷудо ва бокс беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2025 мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд






