Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини рушди устувор нақши муҳим дорад. Солҳои охир рушди ин соҳа ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳалли мушкилоти ҷомеаи башарӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола тавассути масъалаҳои мубрами об дар сайёра, чандин ташаббусҳои наҷибро дар соҳаи обу экология, ҳифзи пиряхҳо ва энергияи «сабз» пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардиданд.
Яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетика идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки ҳамчун иншооти стратегии аср шинохта шудааст. Ба истифода додани ду агрегати аввали неругоҳ ба беҳтар гардидани таъминоти барқ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Тибқи нақша, ба кор даровардани агрегати сеюм дар соли 2027 имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил гардад.
Ҳамзамон бо рушди гидроэнергетика таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус неруи Офтоб равона шудааст. Барномаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии то 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба ҷумҳурии тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад. Ин иқдом на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидат мекунад.
Дар самти идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои муосир низ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ мегардад. Ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика шаффофиятро афзоиш дода, таъсири омили инсониро ба маротиб коҳиш дод. Рақамисозии соҳа ба истифодаи самараноки неруи барқ ва беҳтар шудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Рушди ин соҳа ҳамчунин ба афзоиши истеҳсоли саноат ва таъсиси ҷойи нави кор заминаи хуб фароҳам овард. Суръати рушди саноат соли 2025 ба 22 фоиз расид, ки нишондиҳандаи баланд дар минтақа маҳсуб мешавад.
Сиёсати давлатии энергетикӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, рақамисозии соҳа ва ҷалби сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи ин стратегия имкон медиҳад, ки энергетика ба муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфта, ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон бо сиёсати дурбинона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат энергетика ба яке аз самтҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳамчун пояи асосии истиқлоли давлатӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ гардид.
Амалӣ гардидани иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат дар самти беҳтаргардонии ҳолати экологӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои беназири Президенти мамлакат дар соҳаи обу энергетика мебошад. Ба кор даровардани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», мавриди истифода қарор додани чандин неругоҳи хурди барқи обӣ, амалишавии лоиҳаи байналмилалии хати интиқоли барқи «CASA-1000», таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва ғайра бозгӯи ин гуфтаҳост.
Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди устувори соҳаҳои калидӣ, бахусус энергетика аҳамияти махсус дода мешавад. Ин таваҷҷуҳ бесабаб нест, зеро энергетика пояи амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Рушди соҳаи энергетика омили асосии рушди саноат, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ буда, масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегии давлат муайян карда шудааст.
Фирдавс АЛИЕВ,
муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид






