Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар хусуси масъалаҳои соҳаи илму маориф, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷойгоҳи махсус бархурдор буданд, ибрози назар намуда, дар самти истифодаи самараноки технологияи муосир таъкидҳои Пешвои миллатро ёдовар шуданд.
Директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода доир ба рушди илм ва маориф, тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ сухан гуфт. Изҳор гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамоии муҳим ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ асос мегузорад. Ҳамзамон олимони ҷавон барои азхуд кардани илму технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид бар он доштанд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Аз ин лиҳоз аҳли илму маориф, махсусан ҷавонон дар ин самт бояд қадамҳои устувор гузошта, бо азхуд намудани нозукиҳои технологияи навин барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа талош намоянд.
Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун барномаи стратегӣ барои тақвияти амнияти миллӣ, рушди технологияҳои муосир ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ арзёбӣ карда, барои амалӣ гардонидани супоришҳои додашуда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






