Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 11, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати мамлакат ворид шуд. Дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт. Саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳи онанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ин ҳизб дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон бузург мебошад.

Изҳор гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани идеяҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавӣ ҷалб менамояд.

Даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои Фраксия дар ташвиқу тарғиби идеяҳои созандаи ҳизбӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон фаъол бошанд.

Барои саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон- аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Декабрь 11, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид