Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Декабрь 26, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар рушди устувори давлат, аз ҷумла дар самти таҳким ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши калидӣ доранд.

Аз ин лиҳоз нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мусоидаткунанда ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Иброз шуд, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияташро тақвият бахшида, тамоми неру ва имкониятро ба татбиқи сиёсати хирадмандона ва иқдоми наҷибонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намояд.

Иштирокчиёни ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар вазъияти пуртазоди имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии он бояд саҳм гузорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқӣ ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд