Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар ҷамъомад кормандони сафорат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои мамлакат дар Федератсияи Русия ва аъзои Шурои ҷамъиятии назди сафорат иштирок доштанд.
Пас аз анҷоми тамошо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегии давлат мебошад. Дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди мамлакат дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавиятноки рушди давлат дар соли оянда ва баъдӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералӣ, кормандони Консулгарӣ ва роҳбарони диаспораҳою фаъолони ҷамъиятӣ ба таври дастҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамошо карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия











Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






