Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 20, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ маҳсуб шуда, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амният, дастгирии занону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумро фаро мегирад. Инчунин дар он ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Иброз гардид, ки бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 масъулияти аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардад. Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандон даъват шуданд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми муносиб гузоранд.

Дар фарҷом як зумра фаъолон бо мукофотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо ҷавонони фаъоле, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, мулоқот намуд. Меҳмонони чорабинӣ инчунин бо китобхона ва осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд