Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат ва дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.
Иброз гардид, ки сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар шароити муосир ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу субот, ҷалби бештари сармоя, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади барномавӣ барои фаъолияти минбаъдаи ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод мегузорад.
Ғайрат Азиззода оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат сухан гуфта, таъкид намуд, ки қонунҳо ва қарорҳои қабулгардида ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидаанд. Дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Иброз гардид, ки бо шарофати сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






