Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд

Декабрь 23, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ  хабар доданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат ва дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

Иброз гардид, ки сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар шароити муосир ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу субот, ҷалби бештари сармоя, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади барномавӣ барои фаъолияти минбаъдаи ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод мегузорад.

Ғайрат Азиззода оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат сухан гуфта, таъкид намуд, ки қонунҳо ва қарорҳои қабулгардида ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидаанд. Дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Иброз гардид, ки бо шарофати сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ  

Декабрь 23, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд