Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати иҷрои бандҳои мухталифи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 — 2025» таҳти унвони «Терроризм ва хатарҳои он дар таъмини амнияту субот» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Тавре иброз гардид, татбиқи Стратегияи ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши дастаҷамъона дар муқовимат ба хатарҳои ифротгароӣ натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Таъкид шуд, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо минбаъд низ ба таҳкими амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии шаҳрвандон нисбат ба таҳдидҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Хотиррасон гардид, ки терроризм ва экстремизм бо амалҳову оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода афзуд, ки «тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои минтақа ҳамчун давлати орому босубот шинохта шавад».
«Дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир, таҳдидҳои экстремизму терроризм хислати трансмиллӣ дошта, мубориза бо онҳо вазифаи умумии давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад»,-илова кард Икромиддин Вализода.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






