Дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, дар намояндагии Варзоб 255 километр, Зарафшон — 243 ва дар Суғд 192 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ин ширкат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, хатҳои уфуқӣ бо сарфи 51 тонна ранг ва 5 тонна саққочаҳои ҷилодиҳанда кашида шуданд.
Ширкат иттилоъ медиҳад, ки бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандон мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтшуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидани техникаю механизмҳои замонавӣ харҷ карда мешавад.
Мавҷудияти хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт назаррас буда, роҳро зебою назаррабо менамояд.
Махсусияти кашидани хатҳои уфуқӣ бо истифодаи саққочаҳо дар он зоҳир мегардад, ки шабона бо қобилияти ҷилодиҳии худ бехатарии ҳаракатро комилан таъмин менамоянд. Чун ҳарвақта ин пешниҳод низ фавран мавриди баррасии роҳбарияти «IRS» қарор гирифта, дар муддати кӯтоҳ татбиқ шуд. Бо назардошти он ки қонунмеҳварӣ ва таъмини шаффофият барои «IRS» бениҳоят муҳим аст, барои харидории масолеҳи гуфташуда тендер эълон шуда, дар ин замина ранги босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дастрас гардид.
Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ барои арзу пешниҳодҳо сандуқ гузошта шудааст. Илова бар ин, хати доимамалкунандаи филиали ширкат — 487011020 низ фаъол буда, мусофирону ронандагон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намоянд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикстон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






