Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо омӯзгорон ва падару модарони шаҳри Бӯстон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки замони муосир аз тамоми ҷомеа тақозо менамояд, ки эҳсоси ватандӯстиро тақвият бахшанд ва барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ кӯшиш намоянд. Зеро маҳз ватандӯстию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ маҳаки асосии пойдории ҳар давлату миллат дар замони зудтағйирёбанда ба ҳисоб меравад.

Зимни суҳбат ҷавонон ба донишомӯзию хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ даъват карда шуданд.

Масъулини муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Иштирокчиён ҳолатҳои дохил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошии ноболиғонро маҳкум ва барои пешгирии онҳо табодули афкор намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Декабрь 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад