Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, таъмир ва васлу насби дастгоҳу таҷхизоти техникӣ ва давра ба давра гузаштан ба низоми муосири биллингӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб байни аҳолӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Сардори шуъбаи истеҳсоли техникии филиали Ҷамъияти саҳомии шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб Аҳлиддин Хоҷаев иброз намуд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст.
Ба аҳолӣ ҳамчунин доир ба ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ маълумот пешниҳод гардид.
Иброз гардид, ки пешгирии ғайриқонунии истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстию ватанпарастӣ талаб менамояд. Таъсиси ситодҳои махсус, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон метавонад дар коҳиш додани амалҳои ғайриқонунӣ ва солимгардонии вазъи энергетикии мамлакат нақши муҳим дошта бошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






