Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
ШАҲРИНАВ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав, масъулини Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини Шабакаҳои таъминоти барқи ноҳияи Шаҳринав бо фаъолону сокинон ва соҳибкорони бозори марказии ноҳия вохӯрӣ намуданд. Ба иштирокдорон масъалаҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ шарҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Зеро истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат муосидат менамояд.
Муовини прокурори ноҳияи Шаҳринав Сорбони Шодмон иброз дошт, ки “15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад”.
Ёдовар мешавем, ки Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар асоси дастуру супоришҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Аъзои гурӯҳ дар байни кормандони корхонаҳои ғайридавлатию хусусӣ, марказҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолии ноҳия бо мақсади пешгирии афзоиш ва кам кардани қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ, пешгирии ҳолатҳои дуздии қувваи барқ, ошкор намудани истифодаи беасос аз хати баландшиддати сурх ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






