Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо «Tokyo Grand Slam 2025» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
То имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 327 ҷудочӣ аз 44 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 паҳлавон: Обид Ҷебов ва Мусанниф Миробов дар вазни то 66 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг иштирок мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизаи молӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






