Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Китобхонаи миллӣ дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ» конфронс доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни конфронс иброз гардид, ки китобхона на танҳо макони дастрасӣ ба китобҳо, балки фазоест, ки дар он хонандагон метавонанд забонҳои хориҷӣ омӯхта, дониши худро густариш диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо чанд китобхонаҳои миллии мамлакатҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ҳадафи онҳо таҳкими муносибатҳои дӯстона дар соҳаи китобдорӣ мебошад.
Аз ҷумла, дар доираи Ёддошти тафоҳум байни сафоратҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Корея бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 дар китобхона гӯшаҳои фарҳангии ин кишварҳо таъсис ёфт, ки то имрӯз муваффақона фаъолият доранд.
Гӯшаи забони чинӣ, ки солҳои охир дар ҳолати таваққуфи муваққатӣ қарор дошт, аз моҳи сентябри соли 2024 дубора фаъол гардид. Ҳоло якчанд гурӯҳи омӯзиши забони чинӣ ташкил шуда, дар онҳо беш аз 600 нафар иштирок доранд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон инчунин гӯшаҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ низ фаъолият мекунанд. Хонандагон метавонанд барои иштирок дар даврҳои омӯзишӣ ба шуъбаи менеҷмент ва маркетинг муроҷиат намуда, худро барои иштирок дар дарсҳо номнавис намоянд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






