«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳофар» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки 21 декабри соли равон мардуми шарифи мамлакат шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихӣ гардиданд. Дар ин рӯзи хотирмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия маросими бошукуҳи сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Узбекистону Қирғизистон бо ин ҷоизаи бонуфуз қадрдонӣ карда шуданд.
Мавриди таъкид аст, ки сарони се давлат соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ, амният ва ҳамкории созанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ сазовори ин мукофоти баланд эътироф гардиданд. Пешвои мардумсолору маҳбуб, ваҳдатофар ва муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳи тоҷикон ва эҷодгари сулҳу собот дар минтақа мебошанд, мураккабии ин ҷараёни ҳаётофаринро дар таҷрибаи амалӣ дарк намуда, чунин мегӯянд: «Сулҳ маънои таърихи мо аст». Ҳамзамон шарҳ медиҳанд, ки «ҳар қадар, ки мо пеш равем, сарчашмаи асосии пешрафти халқи мо бештар аён мегардад, ки он сулҳи пойдор аст. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа аст ва танҳо дар шароити сулҳу субот аз неъматҳои тараққиёти ҷаҳонӣ баҳравар шудан мумкин аст. Сулҳ ба кулли арзишҳои дигари инсонӣ маънӣ ва маром мебахшад».
Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва хизматҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, ибрози ақида намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






