«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 23, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳофар» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

​Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки 21 декабри соли равон мардуми шарифи мамлакат шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихӣ гардиданд. Дар ин рӯзи хотирмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия маросими бошукуҳи сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Узбекистону Қирғизистон бо ин ҷоизаи бонуфуз қадрдонӣ карда шуданд.

​Мавриди таъкид аст, ки сарони се давлат соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ, амният ва ҳамкории созанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ сазовори ин мукофоти баланд эътироф гардиданд. Пешвои мардумсолору маҳбуб, ваҳдатофар ва муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳи тоҷикон ва эҷодгари сулҳу собот дар минтақа мебошанд, мураккабии ин ҷараёни ҳаётофаринро дар таҷрибаи амалӣ дарк намуда, чунин мегӯянд: «Сулҳ маънои таърихи мо аст». Ҳамзамон шарҳ медиҳанд, ки «ҳар қадар, ки мо пеш равем, сарчашмаи асосии пешрафти халқи мо бештар аён мегардад, ки он сулҳи пойдор аст. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа аст ва танҳо дар шароити сулҳу субот аз неъматҳои тараққиёти ҷаҳонӣ баҳравар шудан мумкин аст. Сулҳ ба кулли арзишҳои дигари инсонӣ маънӣ ва маром мебахшад».

​Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва хизматҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, ибрози ақида намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид