Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки онро метавон чун паёми муҳими заминасози стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ арзёбӣ намуд.
— Паёми Президенти Тоҷикистон бо таҳлилу баррасии пайдарпайи мантиқӣ, фарогирии тамоми масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, риояи пурраи методологияи таҳқиқоти илмии муосир, ки фарогири таҳлил, баррасӣ, натиҷагирӣ, пешниҳоди мушаххас ва хулосаву дастур барои идомаи босамари минбаъда мебошад, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо муҳтавои фарогири сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии худ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатдорӣ ба равандҳои ташаккули шуури шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ таъсири амиқ мерасонад. Он иродаи ҷомеаро дар роҳи рушди устувор, масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ тақвият бахшида, ҳисси ифтихор аз мансубият ба миллати куҳанбунёдро таҳким медиҳад. Ин паём бо такя ба сабақҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба мо ёдовар мешавад, ки миллати тоҷик ҳамчун вориси насли ориёӣ дорои тамаддун ва фарҳанги ғании беш аз шашҳазорсола мебошад, ки давоми асрҳо арзишҳои хирад, адолат ва инсондӯстиро ҳифз ва интиқол додааст. Маҳз ҳамин огоҳии таърихӣ ва эҳсоси масъулияти маънавӣ дар назди аҷдодон ва наслҳои оянда зарурати таҳияи мақолаи мазкурро ба миён оварда, таҳлили илмии паёмро ҳамчун заминаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ тақозо менамояд.
Ҳамин тавр, дар матлаби мазкур баъзе хулосаҳои худро доир ба паёмҳои пешин, нақши онҳо дар рушди мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва рушди он ва доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба риштаи таҳлил кашидем, пешниҳод мегардад.
Дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тадриҷан ба ниҳоди муҳими давлатдорӣ табдил ёфтааст. Дар он натиҷаҳои марҳилаҳои муайяни рушди сиёсиву иҷтимоӣ ҷамъбаст гардида, самтҳои афзалиятноки ояндаи ҷумҳурӣ бо диди стратегӣ муайян карда мешаванд. Пайдоиш ва ташаккули паёмҳо ҳамчун шакли муосири иртиботи Роҳбари давлат бо ҷомеа ба марҳалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ рост меояд, замоне ки Тоҷикистон пас аз фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ба эҳёи давлатдорӣ, барқарорсозии иқтисод ва ташаккули низоми нави арзишҳо ниёз дошт. Дар ин шароит паёмҳо тадриҷан ба мактаби тафаккури стратегӣ, идоракунии давлатӣ ва худшиносии миллӣ мубаддал гардиданд.
Таҷрибаи таърихии беш аз се даҳсолаи истиқлол нишон медиҳад, ки ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷавоб ба талаботи мушаххаси замон пешниҳод гардида, бо назардошти вазъи дохилӣ ва равандҳои байналмилалӣ шакл гирифтааст. Дар солҳои аввали истиқлол паёмҳо бештар ба масъалаҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти ҷомеа равона шуда буданд. Ин марҳилаи таърихӣ бо он фарқ мекунад, ки худи мавҷудияти давлат таҳти хатар буда, ҳар сухани Роҳбари давлат хусусияти сарнавиштсоз дошт. Дар чунин шароит паёмҳо нақши муттаҳидсозандаро бозида, ҷомеаро ба сӯи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории навбунёд ҳидоят намуданд.
Бо таҳкими сулҳ ва барқарор гардидани ваҳдати миллӣ мазмун ва самти паёмҳо тадриҷан тағйир ёфт. Масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ, эҳёи инфрасохтор, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба меҳвари асосии онҳо табдил гаштанд. Дар ин марҳила паёмҳо ҳамчун абзори идоракунии стратегӣ хизмат намуда, байни ҳадафҳои сиёсӣ ва имконияти иқтисодӣ иртиботи мантиқӣ барқарор карданд. Ҳар паём дар баробари вазифагузорӣ механизми иҷро, масъулият ва назорати натиҷаҳоро низ дар бар мегирифт, ки ин ба ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Таҳлили маҷмуии паёмҳо нишон медиҳад, ки онҳо тадриҷан ба низоми мукаммали барномарезии давлатӣ табдил ёфтаанд. Дар онҳо ҳадафҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо ҳам пайваст гардида, рушди иқтисодӣ бо масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар як замина баррасӣ мешавад. Ин равиш нишон медиҳад, ки Сарвари давлат рушди мамлакатро ҳамчун раванди танҳо иқтисодӣ намебинанд, балки онро ҳамчун раванде меҳисобанд, ки дар он инсон, фарҳанг, таърих ва худшиносии миллӣ нақши ҳалкунанда доранд. Маҳз ҳамин пайвастагии мантиқӣ паёмҳоро аз ҳисоботи расмӣ ба санади фалсафӣ-стратегӣ табдил додааст.
Дар солҳои минбаъда бо ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор паёмҳо бештар ба масъалаҳои рақобатпазирии иқтисод, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои муосир ва ҳамгироии ҷумҳурӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки паёмҳо ҳамеша хусусияти динамикӣ дошта, ба тағйироти муҳити байналмилалӣ мутобиқ мегарданд. Дар баробари ин, як унсури устувор дар ҳама паёмҳо ҳифз шудааст, ки таъкид ба нақши инсон, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун пояи ҳар гуна пешрафт мебошад.
Нақши паёмҳо дар рушди ҷумҳуриро метавон дар чанд самти асосӣ ҷамъбаст кард, ҳарчанд дар ин матн онҳо ҳамчун ҷараёни ягонаи фикр баррасӣ карда мешаванд. Пеш аз ҳама, паёмҳо ҳамчун абзори муайянсозии афзалияти давлатӣ хизмат намуда, тамоми сохторҳои ҳокимиятро ба иҷрои вазифаҳои мушаххас сафарбар карданд. Дуюм, онҳо ба ташаккули фарҳанги ҳисоботдиҳӣ ва масъулият мусоидат намуданд, зеро ҳар супориши дар паёми қаблӣ додашуда дар паёмҳои минбаъда мавриди таҳлил ва баҳогузорӣ қарор мегирад. Сеюм, паёмҳо ба ҷомеа мефаҳмонанд, ки рушд раванди муштарак аст ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ зарур мебошад
Бо мурури замон паёмҳо инчунин ба воситаи таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфтанд. Дар онҳо таърихи давлатдории тоҷикон, сабақҳои талхи гузашта ва арзишҳои фарҳангӣ пайваста таъкид мешаванд, то ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ асолати худро аз даст надиҳад. Ин равиш махсусан дар замоне аҳамият пайдо мекунад, ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои арзишӣ ва таҳдидҳои нави фарҳангӣ рӯ ба рӯ шудааст. Паёмҳо дар ин замина ҳамчун сипари маънавӣ хизмат намуда, ҷомеаро ба худогоҳӣ, эҳтиром ба таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват мекунанд.
Ҳамин тавр, пеш аз баррасии муфассали Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, бояд таъкид кард, ки он идомаи мантиқии силсилаи паёмҳо мебошад, ки ҳар кадоми онҳо марҳилаи муайяни рушди давлатдории тоҷиконро инъикос мекунанд. Паёми пешниҳодгардидаи Президенти Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 дар ин занҷира ҷойгоҳи махсус дорад, зеро он на танҳо ҷамъбасти як давраи даҳсолаи рушди босубот, балки гузариш ба марҳилаи нави рақобатпазирии миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Паёми Президенти Тоҷикистон дар шароите пешниҳод шуд, ки ҷумҳурӣ марҳилаи муҳим ва сарнавиштсози рушдро паси сар намуд. Ин паём ҷамъбасти мантиқии як давраи тӯлонии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Президенти Тоҷикистон паёмро дар заминаи воқеияти мушаххаси таърихӣ пешниҳод намуда, нишон медиҳанд, ки дастовардҳои бадастомада тасодуфӣ нестанд, балки натиҷаи сиёсати пайгирона, идоракунии мутамарказ ва ҳамбастагии ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар оғози пешниҳоди Паёми Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои калидии сиёсӣ ва байналмилалии соли 2025 равона гардид, ки онҳо барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон аҳамияти махсус доранд. Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои санадҳои сеҷониба бо Қирғизистону Узбекистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз марҳалаи ҳалли мушкилоти меросӣ гузашта, ба сиёсати фаъол ва созандаи минтақавӣ ворид шудааст. Ин рӯйдодҳо заминаи боэътимоди рушди иқтисодӣ, тиҷорат ва ҳамкории фаромарзиро фароҳам меоранд, ки бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонанд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муаррифӣ карда шуд. Роҳбари давлат бо овардани мисолҳои мушаххас, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика нишон доданд, ки чӣ гуна технологияҳои муосир метавонанд шаффофият, адолат ва самаранокиро таъмин намоянд. Коҳиши талафоти неруи барқ, афзоиши пардохтҳои воқеӣ ва ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба низоми энергетикӣ далели он аст, ки рақамикунонӣ абзори ислоҳоти идоракунӣ ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба давлат мебошад. Ин эътимод дар навбати худ заминаи муҳими устувории иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ ҳамчун категорияи амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат иброз намуданд, ки рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ танҳо дар мавриде метавонад пойдор бошад, ки он бо худогоҳии шаҳрвандон, эҳтиром ба таърих ва дарки масъулияти миллӣ ҳамоҳанг гардад. Дар ин замина худшиносии миллӣ ҳамчун омили калидии амнияти ҷомеа ва давлат муаррифӣ мешавад, зеро ҷомеае, ки аз асолати худ огоҳ аст, ба осонӣ зери таъсири таҳдидҳои берунӣ ва равандҳои харобкори дохилӣ қарор намегирад.
Таъкиди Президенти Тоҷикистон ба насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст аз он шаҳодат медиҳад, ки худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама, тавассути маориф, тарбия ва фарҳанг ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, дар Паём таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат аз наслҳое вобаста аст, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии худ мебошанд. Ин андеша бо таҷрибаи таърихии Тоҷикистон пайванди амиқ дорад, зеро маҳз заъфи худогоҳии миллӣ ва сатҳи пасти маърифати сиёсӣ дар солҳои гузашта боис гардид, ки ҷомеа ба буҳронҳои шадид рӯ ба рӯ шавад. Бинобар ин, Сарвари давлат худшиносии миллиро ҳамчун сабақи таърихӣ ва ҳамзамон кафолати ояндаи устувор пешниҳод намуданд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи хотираи таърихӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бедор намудани хотираи таърихӣ, бахусус дар байни ҷавонон яке аз вазифаҳои стратегии сиёсати давлатӣ мебошад. Таърих дар ин ҷо ҳамчун таҷрибаи ҷамъбастшудаи миллат баррасӣ мегардад, ки метавонад барои интихоби роҳи дурусти рушд дар шароити муосир хизмат намояд. Миллате, ки таърихи худро меомӯзад ва аз он сабақ мегирад, қодир аст хатоҳои гузаштаро такрор накунад ва ба оянда бо диди устувор қадам гузорад.
Ҷавонон дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ шуданд. Сарвари давлат бо ифтихор аз ҷавонони даврони истиқлол таъкид намуданд, ки маҳз онҳо метавонанд арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз ва идома диҳанд. Худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон бояд тавассути иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ тақвият ёбад. Ин раванд ҷавононро аз тамошобини равандҳо ба иштирокчии фаъол табдил медиҳад, ки барои рушди устувори ҷомеа аҳамияти стратегӣ дорад.
Бо наздик шудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун ҳуҷҷати сафарбаркунанда баромад мекунад, ки ҷомеаро ба марҳилаи нави созандагӣ ва рақобатпазирӣ раҳнамоӣ менамояд. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки истиқлол танҳо дастоварди таърихӣ набуда, масъулияти доимӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳони пуртазод ҳифзи истиқлол, баланд бардоштани обрӯи ҷумҳурӣ ва таъмин намудани ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо тавассути иҷрои пайгирона ва босифати нишондодҳои паём имконпазир аст.
Дар ҷамъбасти мантиқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои пурра ва босифати нишондодҳо ҳамчун шарти асосии табдил ёфтани ҳадафҳои эълоншуда ба натиҷаҳои воқеӣ баррасӣ мегардад. Роҳбари давлат бо таъкиди пайваста ба масъулияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон медиҳанд, ки паём барномаи мукаммали амал мебошад. Маҳз дар иҷрои дақиқи ин барнома мафҳуми худшиносии миллӣ мазмуни воқеӣ пайдо мекунад, зеро худогоҳии ҳақиқӣ на дар эъломия, балки дар рафтори масъулона, дар фарҳанги иҷро ва дар садоқат ба манфиатҳои давлату миллат таҷассум меёбад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад






