Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 16 декабр зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, мавриди омӯзиш қарор дода, тасмим гирифтанд, ки дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.
Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, барои кормандони ин мақомот боиси ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд.
Тавре ки 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, 12 декабри соли равон бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Сарвари давлат баён намуданд, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Ин ташаббус миллати тоҷикро водор месозад, ки барои сари вақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама имконият самаранок истифода намоянд.
Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
«Мо бояд дар фазои осудаи мамлакат, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намоем. Инчунин барои амалӣ шудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, саҳм гузорем, зеро он барои мо дастури амал ва чароғи раҳнамо аст», – иброз гардид зимни ҳамоиш.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






