НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ карда шавад.
Ба иттилои мутахассисон, яке аз самтҳои арзишманди ислоҳот- ин ба сатҳи байналмилалӣ наздик сохтани низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) эътироф гардидааст. Зеро мутобиқи Декларатсияи шурои Аврупо (1992) таҳсилоти 12-соларо 216 кишвари ҷаҳон эътироф намудаанд.
Тибқи нишондодҳои ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 давлат аз 5-солагӣ, дар 129 кишвар аз 6-солагӣ, дар 23 мамлакат аз 7-солагӣ аллакай ҷорӣ буда, дар 25 мамлакати дунё таҳсилоти 13-сола аз синни 6-солагӣ амал мекунад, аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои назди Балтика (Литва, Латвия, Эстония), Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва ғайра.
Бояд иброз намуд, ки зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд. Зеро афзалияти гузариш ба Низоми таҳсилоти 12-сола инчунин дар ташкили таълим дар равияҳо, таҳсили касбӣ (дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, такмили самарабахши таҳсили босифат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа нақши муҳим хоҳад дошт.
Тавре мудири шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватсионии таълим (таҳсилоти 12-сола)-и Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Салоҳиддин Амонӣ иброз намуд, ҳадафи ворид намудани тағйирот ба сохтор, аз ҷумла ба ташкили зинаи якуми таҳсилоти ибтидоии (5-сола), таъмини таълим дар равияҳо ва таҳсили касбӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инфиродӣ, яъне сатҳи омодагӣ барои соҳиб шудан ба ин ё он касбу ҳунар ва идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мешавад, хатмкунандагон дар баробари гирифтани аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ инчунин соҳиби шаҳодатнома дар бораи ин ё он ихтисос (касбу ҳунар) мегарданд.
Ба андешаи мутахассис, мазмуни барномаи таълими синфи 1-и 6-сола бояд дар асоси хоҳиш ва шавқу завқи бачагон, асосан мавзуъҳои шиносоӣ бо муҳити атроф, ташаккули салоҳияту малакаҳои ҳаётӣ, қобилияти муоширату муносибат, рушди малакаҳои гӯш кардан, фикрронӣ, баҳс кардан, мушоҳида кардан, баён кардан, пешниҳод кардан, шаклсозӣ (амсиласозӣ) ва ғайраро фарогир бошад ва ҳавасмандии хонандагони хурдсолро барои таҳсил дар зинаҳои баъдӣ муҳайё созад.
«Яке аз афзалияти қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ ва гузариш ба таҳсилоти 12-сола — ин беҳтар ва тақрибан як баробар зиёд гардидани фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Дар ҳолати фарогирии кӯдакони 6-сола ба таҳсил фардияти онҳо ошкор мешавад ва малакаҳои хондан, хат, ҳисоб, унсурҳои тафаккури эҷодӣ, риояи асосҳои гигиенаи шахсӣ ва ҳифзи саломатӣ дар онҳо бештар ташаккул меёбад», -иброз дошт Салоҳиддин Амонӣ.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






