Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад

Декабрь 26, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабӣ дар идораи Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода бо Котиби генералии JJAU Фаҳад Ал Шамсӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба, рушди ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон ва дастгирии минбаъдаи варзишгарон, мураббиён ва доварони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зич бо JJAU барои баланд бардоштани сатҳи касбии ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

Манучеҳр Каримзода изҳор намуд, ки дар нақшаҳои Федератсияи ҷиу ҷитсуи Тоҷикистон сохтмони Маркази муосири ҷиу-ҷитсу ва маҷмааи бузурги варзишӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ин марказ бояд ба пойгоҳи асосии омодасозии варзишгарони касбӣ, баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад.

Фаҳад Ал Шамсӣ омодагии JJAU-ро барои расонидани кумаки ҳамаҷониба дар татбиқи ин лоиҳа иброз намуда, таъкид кард, ки Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё таҷрибаи зарурӣ ва имконияти техникӣ дорад, то дар бунёд ва рушди чунин инфрасохтори варзишӣ саҳм гузорад.

Инчунин дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки соли 2026 Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) тасмим гирифтааст, ки сатҳи дастгирии худро нисбат ба Тоҷикистон ду баробар афзоиш диҳад. Ин дастгирӣ самтҳои муҳими зеринро фаро хоҳад гирифт:

— сертификатсия ва омодасозии доварони байналмилалӣ,

— баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ ва варзишӣ барои варзишгарон,

— тренингҳо ва семинарҳо барои мураббиён,

— иштироки варзишгарони тоҷик дар барномаҳои рушди байналмилалӣ.

Ба ақидаи ҷонибҳо, ин ҳамкорӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон ба таври устувор рушд ёбад, сатҳи варзишгарон боло равад ва Тоҷикистон дар майдони байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода дар вохӯрии муҳим дар Ҷопон бо Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷопон иштирок намуд. Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ, рушди ҷиу-ҷитсу, табодули таҷриба ва густариши робитаҳо байни федератсияҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад