Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2025 15:00

Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

***

Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.

***

Аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

***

Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

***

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

***

Ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.

***

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

***

Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.

***

Ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.

***

Ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.

***

Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.

***

Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.

***

Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем.

Декабрь 18, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад