Иқтидори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳамбастагӣ бо халқ аст!
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият гардиши азими таърихӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ба шумор меравад. Дар солҳои аввали истиқлол дар раванди гузариш ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нав таъсис ёфтанд. Зеро меҳвари асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ба гуногунандешии сиёсӣ асос меёбад ва таъсиси ҷараёнҳои нави сиёсӣ тақозои чунин ҷомеа аст.
— Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиеро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд. Дар симои Президент мардум шахсиятеро медиданд, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсатмадории хирадмандона қодир аст ормонҳои ҳазорсолаи миллатро ҷомаи амал пӯшонад. Барқарории сулҳу оромӣ, ваҳдату субот аз ҷасорату қавимандии роҳбари ҳизб ва пуштибонии мардуми худ сарчашма мегирад. Бо шарофати сиёсати устувор Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҷанг берун ояд ва давра ба давра рушд ёбад. Имрӯз агар мо аз сулҳ, амният ва пешрафт сухан ронем, ҳамаи ин дар пайванди мустақим бо мафҳуми Президент ва сиёсати давлатдорӣ қарор дорад.
Агар ба таърихи таъсиси ҳизб назар афканем, аз санадҳои бойгонӣ маълум мегардад, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкили Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт. 30 марти соли 1996 Анҷумани 2-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида буд. 25 июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ибораи “Демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд, ки аз ҳамон муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад.
18 апрели соли 1998 Анҷумани 4-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми 31 соли фаъолият ба ниҳоди муқтадири сиёсӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ ҳазорон нафар неруҳои солими ҷомеаро гирд овард. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 31 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом додааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид. Ҳадафу вазифаҳои ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» ба ободонии мамлакат нигаронида шудаанд.
Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 воқеан самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро, ки дар стратегияи минбаъдаи он муайян гардидааст, пешбинӣ менамояд. Зеро ҳадафҳои ҳизб бо ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавъаманд: боло бурдани сатҳи иҷтимоии мардум, фароҳам овардани зиндагонии шоиста ба шаҳрвандони мамлакат, амалӣ намудани ҳадафҳои старатегӣ ва ба ин васила ба давлати рӯ ба рушд табдил додани Тоҷикистон.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама захираву имконияти мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ мекунад.
Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси мамлакат дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Дар саргаҳи ин муваффақият саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назаррас аст. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар роҳи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намудааст, собитқадамона гом мебардорад. Дар доираи ин нақша дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодагари орзуву омол ва иродаи сиёсии мардум аст. Онро ҳизби ормонҳои мардум низ мегӯянд, зеро бо барномаҳои мушаххасу фарогир орзуву ормон ва хостаҳои мардумро амалӣ менамояд.
Давоми 31 сол робитаи ҳизб бо мардум сол аз сол тақвияту густариш ёфта, сазовори боварӣ ва эътимоди кулли сокинони мамлакат гардидааст. Ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини таъсиси ҳизб Роҳбари муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани неруи созанда ва қишри солимфикри ҷомеа аст, ки ба хотири бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ пешрафта ва шароити арзандаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ талош варзад”. Дар ҳақиқат иқтидори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо халқ зоҳир мегардад!
Умед аст, ки Тоҷикистон бо тақвияти неруи ақлонӣ ва ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ояндаи наздик дар миқёси ҷаҳон мақоми шоиста пайдо намояд.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ








«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд






