Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад

Декабрь 21, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.

Тавре директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Буризода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, соли 2025 дар Нимкураи шимолии Замин инқилоби зимистона рӯзи якшанбе, 21 декабр, соати 15:03 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) ва 20:03 бо вақти Душанбе фаро мерасад.

Инқилоби зимистона  — кӯтоҳтарин рӯз дар сол буда, дар Нимкураи шимолии Замин моҳи декабр фаро мерасад. Аз нигоҳи астрономӣ дар ин рӯз зимистон оғоз меёбад. Инқилоби зимистона  — ин ҳодисаи солонаи астрономист, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқи Замин дар пасттарин мавқеъ қарор мегирад, яъне баландии он аз уфуқ ҳадди ақалл аст. Дар нимкурае, ки ин ҳодисаҳо рух медиҳад, кӯтоҳтарин рӯз ва дарозтарин шаби сол мушоҳида мешавад.

Ба иттилои Анвар Буризода, инқилоби зимистона  дар Нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ дар вақтҳои гуногун ба амал меояд. Яъне дар Нимкураи шимолӣ ин ҳодиса ба моҳи декабр ва дар Нимкураи ҷанубӣ ба моҳи июл рост меояд. Ҳаногоми рух додани ин ҳодиса дар Нимкураи шимолии Замин кӯтоҳтарин рӯзи сол ва дар  Нимкураи ҷанубӣ дарозтарин рӯзи сол фаро мерасад.

«Инқилоби зимистона  ва тобистона бинобар моилии меҳвари гардиши Замин (тақрибан 23,4°) нисбат ба мадори ҳаракати он дар гирди Офтоб ба вуҷуд меоянд. Нимкураи шимолӣ давоми нисфи сол ба ҷониби Офтоб моил аст, Нимкураи ҷанубӣ — дар нисфи дигари сол. Аз ҳамин сабаб нимкураҳо дар як вақт миқдори гуногуни гармӣ ва рӯшноӣ мегиранд», — гуфт директори институт.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад