ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 25, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати оқилонаву созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Яке аз бахшҳои калидие, ки мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, соҳаи энергетика мебошад, ки аҳамияти стратегӣ дорад. Ҳамин аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ин соҳа зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

— Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли равон бармеояд,  масъалаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, хусусан истиқлоли энергетикӣ чун мавзуи меҳварӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он барқарории истиқлоли энергетикӣ ва роҳҳои расидан ба зиндагии шоистаи мардуми мамлакат баррасӣ карда мешавад, аҳамияти муҳимтарин ҷанбаҳои рушди иқтисодӣ ва пешрафти соҳаҳои стратегиро таъкид мекунад. Маҳз амалӣ кардани ин ҳадафҳои асосӣ ба баландшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самаранок аз имконияти бозори ҷаҳонӣ, ки барои Тоҷикистон фурсати беназир фароҳам меорад, мусоидат мекунад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар 10 соли охир ба соҳаи энергетикаи мамлакат беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда шуда, дар натиҷа иқтидори истеҳсоли неруи барқ ба 1017 мегаватт расид. Танҳо бо роҳи таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори барқии мамлакат 200 мегаватт зиёд гардид. Яке аз муваффақияти назаррас дар ин ҷода таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» мебошад, ки ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ таъмир шуда, иқтидори истеҳсолияш 60 мегаватт афзоиш ёфт.

Сарвари давлат пайваста  таъкид менамоянд, ки рушди мунтазами иқтисоди кишвар бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии мамлакат дониста мешавад, кӯшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расиданд. Аз солҳои 2000 рушди босуръати соҳаи энергетика ба тарври назаррас мушоҳида мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи имконият лоиҳаҳои гуногунро амалӣ гардонид, ки дар натиҷа иқтидори энергетикии мамлакат боз ҳам афзуд. Дар нақша аст, ки иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 ба 10 000 мегаватт расонида шавад. Барои ба ин ҳадаф расидан ва ба давлати содиркунандаи неруи барқ табдил додани Тоҷикистон дар баробари сохтмони неругоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самаранокии қувваи барқ аҳамияти бештар диҳем.

Ба таъкиди  Сарвари давлат, 98% истеҳсоли неруи барқ дар кишвар аз неругоҳҳои обӣ аст, ки ин нишонаи истиқлоли энергетикӣ аст. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат дар 10 соли охир 40% афзуда, аз 17,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расидааст.

Дар оянда Тоҷикистон интизор аст, ки аз манбаъҳои энергетикӣ  бештар истифода кунад ва дар панҷ соли оянда сохтмони неругоҳҳои нави офтобӣ ва барқии обӣ бо иқтидори 500 мегаватт ва 174 мегаватт (неругоҳи «Роғун») ба анҷом расад. Бо иҷрои ин лоиҳаҳо истиқлоли энергетикӣ таъмин ва талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат дар соли 2030  31% зиёд мешавад.

Бо мақсади рушди соҳаи энергетика Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмони неругоҳҳо бо истифода аз ҳама захираву имконият маблағгузорӣ мекунад. Масалан, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дошта, дар он 18 ҳазору 600 нафар коргарон фаъолият доранд. Ҳоло беш аз 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъулини Академияи миллии илмҳоро муаззаф намуданд, ки пажӯҳишҳои илмиро дар самти боз ҳам густариш бахшидан ба раванди рушди соҳаи гидроэнегетика васеъ намоянд. Ҳамчунин дастур доданд, ки дар баробари рушди гидроэнергетика механизми рушди дигар шаклҳои истеҳсоли неруи барқро дар мамлакат дарёфт ва тавсеа бахшанд. Дар воқеъ рушди устувори ин самти афзалиятнокро бе назардошти истифодаи комёбиҳои илму техника тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мутахассисони соҳа дар самти татбиқи лоиҳаҳои илмӣ боз ҳам фаъолтар бошанд. Тоҷикистон бо шароити табиӣ ва хусусияти ҷуғрофиаш имкони боз ҳам рушд додани неруи «сабз»-ро дорад. Тавлиди босуръати неруи барқ дар мамлакат имкон медиҳад, ки иқтидори иқтисодии Тоҷикистон боз ҳам афзояд.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва беҳсозии шароити зиндагии мардуми мамлакат қарор дорад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин раванд истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, тавсеаи манбаъҳои барқи «сабз» ва истифодаи илму техникаи муосир нақши калидӣ доранд.

Мо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон бояд саъю талош кунем, ки неруи барқро сарфакорона истифода бурда, дар рушди устувори мамлакат саҳм гузорем.

Додулло РАСУЛЗОДА,
дотсенти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ

Декабрь 25, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад